ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, тибқи нақша тасдиқшуда дар шаҳри Конибодом то соли 2021 бунёд ва баистифодадиҳии 506 иншооти гуногун дар назар аст.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар шаҳри Конибодом аз ҷумла сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, дорухона, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, таъмири китобхона, мумфаршу чароғонкунии роҳҳо ва дигар иншооти муҳим дар назар аст.
Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом давоми соли гузашта ва дар семоҳаи аввали соли равон 153 иншооти муҳим сохта ва ба истифода дода шудааст.
“Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону саховатмандон ва сокинони бунёдкори шаҳру деҳот дар соли гузашта 93 иншооти таъиноташ гуногун ва дар семоҳаи аввали соли равон 60 иншооти муҳим сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд”, - қайд намудааст манбаъ.
Мақомоти шаҳри Конибодом қайд намудааст, ки то охири соли равон бунёд ва ифтитоҳи беш аз 100 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.