Аҳмадзода: дар ду-се рӯзи оянда кишти пахтаро дар Конибодом пурра ба анҷом расонед

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом аз раванди корҳои саҳрои дар хоҷагиҳои деҳқонии "Сазовор" ва "Азиз" ошно шуда, дастур дод, ки кишти пахта ҳарчи зудтар ба анҷом расад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 19 апрел бо мақсади шиносоӣ бо рафти кишти пахта ба шаҳри Конибодом сафар намуда, аз раванди корҳои саҳрои дар хоҷагиҳои деҳқонии "Сазовор" ва "Азиз" ошно шуд.

Масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом ба раиси вилояти Суғд хабар доанд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти пахта муташаккилона идома дорад ва то имрӯз кишоварзон дар 4800 гектар пахта коштаанд.

Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

Манбаъ қайд намудааст, ки имсол саҳмдорони 2500 хоҷагии деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғул хоҳанд шуд ва нақшаи кишт дар шаҳр 6000 гектарро ташкил медиҳад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки хоҷагии деҳқонии "Сазовор"-и Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов аз хоҷагиҳои калони пахтакор маҳсуб ёфта, дорои 170 гектар замин мебошад.

“Бо иқдоми аъзоёни хоҷагӣ соли равон дар 110 гектар пахта кишт карда мешавад. Аъзои хоҷагии деҳқонии "Азиз" бошанд дар 5,5 гектар пахта кишт мекунанд”, - иттилоъ додааст ҳукумати вилояти Суғд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар маъракаи кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии зикршуда иштирок намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва дигар мутасаддиён дастур ддааст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар ду-се рӯзи оянда кишти пахтаро пурра ба анҷом расонанд.