Роҳ аз Сталинобод то Душанбе дар 80 сол...

Sputnik

Душанбе дар моҳи октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шӯравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии ҳанӯз мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт, ба ҳайси пойтахти Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. Раҳбарии шаҳри Душанберо аз соли 1996 то соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дошт. Аз соли 2017  Рустам Эмомалӣ раиси пойтахт аст.

Таърихи Душанберо аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Душанбе ҳокист, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асри 3 ё 4 то милод, яъне дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастаӣ кардааст. Нахустин бор исми рустои Душанбе дар маъхазҳои катбии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.

Дар он маъхаз гуфта мешуд, ки Душанбе дар як чорроҳаи бузурги корвонгузар бино шуда, ҳар рӯзи душанбе дар қаламраваш бозор баргузор мешуд ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст. Душанбе дар он аҳд рустое иборат аз 500 ҳавлӣ ва тақирбан 8000 аҳолӣ будааст. Дар як маъхази соли 1826 исми ин минтақа ҳамчун Душанбе-Қӯрғон зикр шудааст.

Бори аввал исми Душанбе дар харита соли 1875 роҳ ёфтааст. Дар он давр ин шаҳр қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу қавми сокинонаш тақсим мешуд. Маркази ҳаёти иҷтимоии Душанбе корвонсарой буд. Дар 14 масҷиди шаҳр мактабҳо амал мекарданд. Душанбе ду мадраса ҳам дошт.

Душанбе он замон ба аморати Бухоро тааллуқ мегирфтв а соли 1920, вақте амири охирини Бухоро Олимхони Манғит ба ҳаминҷо паноҳ овард, вале таҳти фишори ҳамлаи Артиши сурх фиор кард. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо босмачиҳо ба раҳбари генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, вале 14 июли ҳамон сол коммунистҳо дубора парчами Шӯравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.

Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ва соли 1929, баъди мустақил шуданаш аз Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд. 16 октябри соли 1929, баробар бо эълони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталинро доданд ва он то соли 1961 Сталинобод ном дошт.

1 / 34
Бинои Коммисириати мардумии хоҷагии қишлоқи ИҶШС Тоҷикистон, соли 1938
2 / 34
Феълан дар ин бино Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷой гирифтааст
3 / 34
Манзили истиқоматӣ дар кӯчаҳои Ленина ва Орҷоникидзе, ки дар қабати аввал мағозаи "Ювелирторг" ҷой гирифта буд, соли 1936
4 / 34
Дертар дар ин бино аввалин мағозаи "Берёзка", сипас тарабхонаи "Прага" ва "Сериус" ҷой гирифт. Феълан бари "Паблик паб" сохта шудааст
5 / 34
Сохтмони поликлиника дар Сталинобод, соли 1936
6 / 34
Он аввалин поликлиника дар шаҳр буд. Барои ҳамин имрӯз Поликлиникаи № 1-и шаҳри Душанбе аст
7 / 34
Бинои Донишгоҳи тиббии Сталинобод, соли 1939
8 / 34
Имрӯзҳо ҳам ин бино ба донишгоҳи тиббӣ - Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино тааллуқ дорад. Соли 2007 дар донишгоҳ сӯхтори шадид рух дод, дертар он пурра барқарор гардид
9 / 34
Сохтмони Бинои нашриёт дар Сталинобод, соли 1933
10 / 34
Бештар аз 80 сол аст, ки ин бино дар маркази Душанбе қомат афрохтааст ва чун "Дом печати" маъмул аст
11 / 34
Бинои нави Театри опера ва балети шаҳри Сталинобод дар соли 40-ум
12 / 34
Театри опера ва балети шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ имрӯзҳо
13 / 34
Сохтмони бино Ҳукумат дар солҳои 1947
14 / 34
Имрӯзҳо ин бинои парлумон аст
15 / 34
Бинои Комиссариати мардумӣ дар солҳои 40-ум
16 / 34
Чанд соли ахир аст, ки дар ин бино Вазорати молияи Тоҷикистон ҷойгир аст
17 / 34
Бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии Тоҷикикистон ба номи Ленин дар солҳои 40-ум
18 / 34
Бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, айни ҳол
19 / 34
Бинои Иттиҳоди матлуботи Тоҷикистон ва китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дар солҳои 50-ум
20 / 34
Қисме аз бино шакли аввали худро гум накардааст. Феълан инҷо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷойгир аст
21 / 34
Бинои Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Сталинобод, солҳои 1950-ум
22 / 34
Имрӯзҳо ин бино аллакай мувофиқи нақшаи генералии Душанбе тахриб шудааст
23 / 34
Сохтмони Бонки давлатии ИҶШС Тоҷикистон дар солҳои 50-ум
24 / 34
Боно ҳамон, бонк - миллӣ шудааст
25 / 34
Кинотеатри ба номи Горкий дар Сталинобод, соли 1953
26 / 34
Феълан ин бино ба телевизиони давлатии "Сафина" тааллуқ дорад
27 / 34
Бинои Шӯрои комиссариатҳои мардумӣ дар солҳои 50-ум
28 / 34
Ҳамон бино. Имрӯзҳо дар дохили он чанд ташкилот ҷой гирифтааст
29 / 34
Бинои техникуми гидромелиоратсия дар соли 1954
30 / 34
Солҳои зиёд дар ин бино Осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод ҷой гирифта буд. Ба наздикӣ он боз ба муассисаи таълимӣ табдил ёфт - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷой гирифт
31 / 34
Кӯчаи Ленини шаҳри Сталинобод дар соли 1954
32 / 34
Ҳамин кӯча, феълан. Ҳоло ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ аст
33 / 34
Кӯли Комсомоли Душанбе дар солҳои 50-ум
34 / 34
Феълан кӯлро Ҷавонон ном додаанд