ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Путин зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ба зудӣ дар шаҳри Душанбе нишасти роҳбарони кишварҳои узви МҲТБО дар назар аст.
“Хеле қариб, аллакай моҳи июн дар Душанбе нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО дар назар аст ва мо бо камоли майл дар он иштирок мекунем”, - изҳор дошт Путин 17 апрел дар анҷоми гуфтушунидҳо бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона - Нурсултони феълӣ воқеъ аст.
Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошанд. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишварро роҳбари Кумитаи тадорукотии ташкили мулоқоти роҳбарони даҳҳо кишвари Осиё дар Душанбе таъин кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин даъватномаро барои иштирок дар ҳамоиши Душанбе ба бархе аз роҳбарони давлатҳои Осиё ирсол кард.