Ҳуҷҷатҳои Тоҷикистону Узбакистон барои нишонагузории сарҳад омода шуданд

Дар Самарқанд мулоқоти навбатии ҳайъатҳои ду кишвар баргузор шуд, ки дар натиҷаи он ҷонибҳо дар кори муайян кардани марз ба тавофуқ расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тоҷикистону Узбакистон нақшаи корҳои нишонагузории марзро тартиб доданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Узбакистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар Самарқанд 11-17 апрел мулоқоти навбатии ҳайъатҳои ду кишвар баргузор шуд, ки дар он масоили тавофуқи ҷанбаҳои ҳуқуқиву ташкилии нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ шуд.

"Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо тарҳи ҳуҷҷатҳои норматививу техникиро оид ба нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистон ва нақшаи корашонро омода карданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Вакилзани тоҷик ба марз бо Қирғизистон рафт: парлумон гуфт, хомӯш нест

Дар натиҷаи мулоқот протокол ба имзо расида, гуфтушуниди навбатӣ  аввалҳои моҳи май баргузор хоҳад шуд.

Дарозии марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистон 1,33 ҳазор километрро ташкил дода, 20 дар сади он муайян карда нашудааст.

Моҳи марти соли 2018 президентҳои ду кишвар Созишнома дар бораи қисматҳои алоҳидаи марзро ба имзо расониданд. Ҳалли ин масъала яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад.