Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон – видео

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам шудааст, аммо ҳамтои русиягияш шумораи тоҷикистониёнро дар Русия 1,2 миллион нафар арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русиягияш, Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ баъди анҷоми гуфтушунид дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва теъдоду шароиташон суҳбат карданд.

Маросими имзои созишномаҳо ва изҳороти муштараки Раҳмону Путин - навор

Путин гуфт, "мехоҳам, қайд кунам, ки дар кишвари мо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд, то муҳоҷирон аз Тоҷикистон, аъзои оила ва наздиконашон дар Русия шароити арзандаи зиндагӣ ва кору таҳсил дошта бошанд, худро роҳату амн эҳсос кунанд”.

Ӯ муҳиммияти муҳоҷирати меҳнатиро таъкид карда, оморашонро далел овард, ки ба гуфтааш дар Русия ҳудуди 1,2 миллион тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Русия афзуд, маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Ватан барои иқтисоди кишвар ва хонаводаашон такягоҳи муҳим мебошад.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон низ муҳоҷиратро бахши афзалиятдор дар муносиботи ду кишвар хонд. Ӯ гуфт, тайи солҳои охир мо дар бахши муҳоҷират бо талошҳои муштарак ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки ба Русия меоянд, майли камшавӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ҳудуди 480 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафар карданд.

Путин: нақша дорем дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунем

“Ин дар муқоиса бо солҳои аввали даҳсолаи ҷорӣ, ки то як миллион шаҳрванди мо ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меомаданд, ба маротиб кам мебошад. Бо вуҷуд дар ин бахш масоиле, ки таваҷҷуҳи моро талаб мекунад, ҳанӯз боқӣ мондаанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел низ дар мулоқот бо ҷамъияти тоҷикистониён дар Русия гуфт, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ майли камшавӣ дорад.

“Умуман, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, нисбат ба соли 2013, ки расман беш аз 800 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, қариб 50 фоиз кам гардид ва тибқи омори расмӣ ҳамагӣ 484 ҳазор нафарро ташкил кард”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.