Ҳамкории ҷавонони Тоҷикистону Русия васеътар мешавад

Ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Русия дар тамоми самтҳо васеътар хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Субҳи имрӯз дар Маскав зимни баргузории Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда” миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Русия ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҳайати Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба Маскав сафар кард

Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бо имзои ин санад ҳамкориҳои ҷавонони ду кишвар боз ҳам васеътар хоҳад шуд.

“Ба имзо расонидани ёддошт, нишонаи қаробати ҳамкорист. Баргузории форуми ҷавонон дар Русия аз он шаҳодат медиҳад, ки мо алакай қадами нахустинро барои иҷрои ҳамин ёддошти тафоҳум гузоштем”, - таъкид намуд муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода.

Ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо роҳбарии Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон дар шаҳри Маскав дар форуми ҷавонони Русияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда” Русия ширкат доранд.

Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон аз 15 то 17 апрели соли равон дар пойтахти Русия дар доираи баргузории 7 –умин конференсияи ҳамкории минтақавии Русияву Тоҷикистон бо доираи васеи ҷавонони ду кишвар баргузор карда мешавад.

Дар чорчӯби сафари Раҳмон: дар ҳамоиши Маскав 15 созишнома имзо хоҳад шуд

Дар доираи Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар доираи Форум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Русия ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Русия ёддошти тафоҳум ба имзо расид.