ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бар асари задухӯрд миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 1 марзбони тоҷик захмӣ ва 3 қочоқбар кушта шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes дар истинод ба Абдуллоҷон Раҳмонов, сардори отряди сарҳадии Шӯрообод.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур соати 4 субҳи 13 апрел дар минтақаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) рух додааст.
Ба гуфтаи Абдуллоҷон Раҳмонов, сардори отряди сарҳадии Шӯрообод, марзбонони тоҷик бо як гурӯҳи 8 нафарии қочоқбарони мусаллаҳи афғон, ки қасди вуруд ба ҳудуди Тоҷикистонро доштанд, задухӯрд намуданд.
“Дар натиҷаи задухӯрд се қочоқбари афғон несту нобуд карда шуда ва аъзои боқимондаи гурӯҳ ба самти Афғонистон фарор кардаанд. Аз ҷумлаи марзбонони тоҷик як сарбоз захм бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст”, - таъкид намудааст Абдуллоҷон Раҳимов.
Ёдрас мешавем, ки 4 январи соли равон гурӯҳи низомиёни тоҷик дар ноҳияи Шоҳин дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чӯпони гумшудаеро кофтукоб мекарданд ва ногаҳон гурӯҳи қочоқчиёни афғонро мушоҳида карданд. Байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.
Дар натиҷа майори қӯшунҳои марзбонии КДАМ Суханвар Олимов ба шикамаш тир хӯрд.
Ҳамроҳони Суханвар Олимов афсари маҷрӯҳро ба бемористон интиқол додаанд, аммо ахирон дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Афсари кушташуда сокини вилояти Суғд ва хатмкардаи Академияи ФСБ Русия будааст.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо манотиқи шимоли Афғонистон марзи 100 километрӣ дошта ва дар аксар маврид қочоқбарони афғон ба далели осонгузар будани сарҳад талош мекунанд маҳз аз ҳамин нуқта ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол диҳанд.