Ташхису ҷарроҳӣ: хайри ҳокими Дубай ба садҳо кӯдаки бемори Тоҷикистон дар арафаи Рамазон

Дар доираи ташаббуси хайриявии Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, ҳокими Дубай садҳо кӯдаки мубталои бемории дил дар Тоҷикистон бо ташхису ҷарроҳӣ аз сӯи тими табибони хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб аз 12 то 21-уми апрел ҳайати табибон аз Дубай ҳудуди 300 кӯдаки бемори қалбро дар Тоҷикистон ташхис карда, 100 ҷарроҳӣ анҷом хоҳанд дод.

Дар Тоҷикистон 77 шаҳрванди хориҷиро ҷарроҳӣ карданд

Ба иттилои манбаъ, аз кӯмаки тиббӣ кӯдакони мубталои бемории қалб, ки аз 1 моҳ то 18 сол доранд, бархӯрдор хоҳанд шуд.

Ҳомид Муҳаммад ал-Қатамӣ, мудири кулли мақомоти тандурустии Дубай гуфтааст, ҳадафи асосии ин иқдом табобати беморон, сабук кардани дард ва додани умед мебошад. Ӯ афзуд, дар назар аст, ки ба 4 ҳазор кӯдаки бемор дар Тоҷикистон кумак расонда шавад. Ал Қатамӣ иттилоъ дод, ки ин дуюмин ташаббус дар Тоҷикистон буда, бори аввал моҳи октябри соли 2017 қалби ҳудуди 70 кӯдак дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуд.  

Пизишкон 60 кӯдаки гирифтори бемории дилро ройгон ҷарроҳӣ карданд

Иброҳим Бумалҳа, мушовири ҳокими Дубай дар масоили фарҳангию гуманитарӣ гуфт, ин иқдом дар доираи ташаббуси Шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум барои кумак ба мардуми кишварҳои дӯст сурат гирифта истодааст. Ӯ дар мавриди иқдоми табибон дар Тоҷикистон гуфт, ин амал ба ҳаёти кӯдакон ва хонаводаҳояшон таъсири мусбат дошта, хароҷоти молияшонро барои табобат сабук мекунад.