Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе: дар пойтахт сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноблиғон коҳиш ёфт

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ доир ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи аввали соли равон эълон намудааст, ки дар пойтахт нисбат ба соли гузашта ҷиноят камтар содир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ доир ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи аввали соли равон эълон намудааст  давоми се моҳи сипаригардида дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон 1133 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 59 ҷиноят кам мебошад.

Оҷонсии омор: дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ ду баробар кам шудааст

Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин бора зимни ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ доир ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи аввали соли равон, ки таҳти роҳбарии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душнбе  Шариф Назарзода баргузор гардид, гуфта шуд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, кормандони милитсияи пойтахт дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд шудааст.

“Мавриди зикр аст, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсияи пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб аз ҷониби роҳбарияти милитисияи пойтахт тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд, ки тавассути онҳо сатҳи ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа низ ба маротиб коҳиш ёфтааст”,- қайд намудааст манбаъ.

Генерал: бар зидди ҷинояткорӣ бояд дастаҷамъона мубориза бурд

Зимни баргузории машварати фаврӣ қайд карда шуд, ки давоми се моҳи соли сипаригардида аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,2 % кам ё худ 61 адад кам мебошад.

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе зикр намудааст, ки нишондиҳандаи мазкур бевосита аз дуруст ба роҳ мондани амалиёти профилактикӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд ба даст омадааст.