Парлумон сабукиҳо барои арзонии орду рушди футболро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои корхонаҳои коркарди гандум сабукӣ ироа намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз зимни муаррифии тағйирот ба қонун дар бораи буҷа барои соли 2019 гуфт, ҳадафи тағйирот дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, бахусус корхонаҳои коркарди гандум ва рушди минбаъдаи соҳаи футбол дар Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон мехоҳад ба воридкунандагон ва корхонаҳои орд дубора сабукӣ диҳад

Ироаи сабукӣ ба корхонаҳои коркарди гандум дар ҳолест, ки аввали соли равон нархи орд дар кишвар боло рафт.

Мақомоти Тоҷикистон яке аз сабабҳои афзоиши нархи ордро лағви сабукиҳо барои воридкунандагони он гуфтанд.  Аз ҷумла зиёд шудани андоз аз арзиши иловашуда аз орд, ки аввали соли равон аз 10 фоиз то ба 18 фоиз баланд шуд, сабаби болоравии нархи ин маҳсулот арзёбӣ гардид.

Дар қатори омилҳои берунии болоравии нархи орд, қимат кардани нарх аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ва афзоиши таърифаҳои ҳамлу нақл ном бурда шуданд.