Нашри намоҳанги мамнӯъи Алла Пугачева-видео

Кумитаи телевизиону радиои Русия, намоҳанги Алла Пугачеваро бо суруди "Айсберг", ки дар даврони Шӯравӣ мамнӯъ буд, нашр кард
Sputnik

Намоҳанги мамнӯъи Алла Пугачева, ба муносибати 70-солагии Примадонна дар интернет нашр шуд. Ин намоҳанг соли 1984 дар шаҳри Сочи ба навор гирифта шудааст. Пештар ин намоҳанг танҳо тариқи телевизион пахш мешуд.

Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам

Гап сари ин, ки раҳбарияти он давра, тарзи нишастани Пугачеваро дар ин клип номувофиқ ва бемаънӣ хонда намоиши онро манъ карда буд. Раҳбарияти советӣ он замон гуфтанд, ки дар намоҳанг Алла Пугачева "бисёр озод" аст.

Аз навор дида мешавад, ки Алла Пугачева савори яхе рӯи санка бо мӯйҳои сардода, бо як озодии ба худ хос месарояд, ки мувофиқи арзишҳои он замон "бемаънӣ" шумурда мешуд.

Аз ин рӯ пахши ин намоҳанг мамнӯъ шуд.

Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам

Бояд қайд кард, ки оҳанги "Айсберг"-ро композитори маъруф Игор Николаев навиштааст ва ин суруд яке аз сурудҳои машҳуртарини Пугачева мебошад.

Алла Пугачева имрӯз, 15 апрел 70 сола мешавад.