"Хуб шуд" ё “дафни интернет”? ҷонибдории адиб Ато Мирхоҷа аз қиматии интернет ва далелҳояш

Дар ҳоле, ки тасмими мақомот барои боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон интиқоди бисёре аз шаҳрвандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай овард, адиб Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагон аз ин иқдом ҷонибдорӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бисёре, ҳатто масъулини ширкатҳои мобилӣ мухолифи болобарии нархи интернет буданд, аммо адиб Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷонибдорияшро аз ин иқдом баён дошт.

То 4,8 сомонӣ барои 1 дақиқа: нашри нархномаҳои нави алоқа ва интернет бо имзои Қодирзода

Мақомдорони Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасмими болобарии нархи интернету зангҳои телефониро таъмини манфиати ширкатҳои мобилӣ ва муштариён мегӯянд, аммо бисёре аз муштариён 18-уми апрел рӯзи амалишавии нархгузориҳои навро ба истиллоҳ “рӯзи дафни интернет” дар Тоҷикистон унвон кардаанд.

Танҳо адиб Ато Мирхоҷа дар баробари мақомдорони Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ангуштшумор нафароне аст, ки ин иқдомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорӣ кардааст ва далелҳои худро пешниҳод намудааст.

“Росташ, аз болоравии нархи интернет ба таҳлукаи беандоза афтодани компютербеморонро дида, ангушти ҳайрат мегазам. Ба назарам, бисёр кори хуб шуд. Акнун бештари вақти худро ба хондани китоб, сайру гашт дар ҳавои тоза ва ниҳоят муоширати воқеӣ бо наздикону пайвандонатон мегузаронед, дӯстони азиз! Худош хайр диҳад, ҳар ки ин далолат кард”, - навиштааст Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ӯ таъкид намудааст, ки тамоми қишрҳо мубталои дарди интернет шуда, ба як навъ одами сунъӣ табдил ёфта истодаанд.

Шӯрои ВАО дар бораи қиматшавии интернет, мудирияти нодурусти соҳа ва пайомадҳои он

“Дар ҳама ҷо бахусус чавонон рӯзи дароз чашмҳо сӯи телефон ҳатто ба светофор ҳам нигоҳ намекунанд, ки сурх аст ё сабз. Акнун ба одами ҳушёр монанд мешаванд”, - тавзеҳ додааст Ато Мирхоҷа.

Ноиби раиси Иттифоқи нависандагон афзуд, “мақсад ба ҳаёти воқеии заминӣ баргардондани наврасон аст, ки ҳоло ҳатто ишқварзиашон низ бо интернет аст”.

Аммо бисёре аз корбарон, вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум, дар муҳоҷират қарор доштани аъзои бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон, пешрафти техникаю технология ва дигар омилҳоро зикр карда, таъкид мекунанд, ки ин тасмим ба зарари ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Бар асоси нархномаи ҷадид, ки моҳи равон бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ амалӣ мешавад,  арзиши 1 мегабайт интернет бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам, 1 гигабайт – 62 сомонӣ ва 10 гигабайт 620 сомониро ташкил медиҳад.