БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ"-ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар ҷумҳури амалиёти  "Муоинаи техникӣ" баргузор карда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, гузаронидан аз "Муоинаи техникӣ" барои ҳамаи ронандагон ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки ин амалиёт, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз роҳандозӣ мешавад.

"Муоинаи техникӣ" аз 15 то 25 апрели соли 2019 гузаронида мешавад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд.

Эълони БДА ба ронандагон: дар ҷумҳурӣ рейди "Муоинаи техникӣ" ба роҳ монда мешавад

Ин дар ҳолест, ки ВУД феҳрасти иловагии ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.