ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Саида Мирзиёева-духтари раисиҷумҳури Узбакистон бори аввал дар Instagram ва Facebook саҳифа боз кард.
То ин дам Саида дар саҳифааш дар Instagram ҳамагӣ ду хабар: дар бораи ҷаласаи ҳамкорон ва ташаббуси иҷтимоии раисиҷумҳур нашр кардааст.
Дар саҳифаи Instagram-и Саида Мирзиёева 10 ҳазо кас обуна шудааст. Худи Саида танҳо ба саҳифаи Instagram-и падараш Шавкат Мирзиёев обуна шудааст.
Ёдова мешавем, ки духтари калонии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв - Саида Мирзиёева яке аз муовинони мудири Агентии иттилоотӣ ва иртиботи оммаи Узбакистон таъин гардид.
Духтари раисҷумҳур-Шаҳноза маркази кӯдакон ифтитоҳ кард
Агентии иттилоотӣ ва иртиботи Узбакистон дар назди Дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Узбакистон дар пойгоҳи Агентии табъу нашри Узбакистон ташкил шудааст.
Президенти 62-солаи Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова се фарзанд тарбия мекунанд. Писари ягонаи хонавода мактабхон ва духтронаш оиладоранд.
Духтари калонии президент Саида ва домодаш Ойбек Турсунов аст. Ба қавли расонаҳо Ойбек дар дастгоҳи президент мақом дорад.
Отабек Шаханов ҳамсари Шаҳноза Мирзиёева роҳбари муҳофизони падарарӯсаш аст. Мирзиёев соҳиби 5 набера аст.