Бо бадани нимурён ва пироҳани зебо: "Мисс Россия-2019" дар саҳна-видео

Ба Алина Санко тоҷе ҳадя карданд, ки аз тиллои сафед омода шуда бо алмос ва лаълу дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст.
Sputnik

Алина Санко, "Мисс Русия-2019" интихоб шуд.

Алина Санко аз шаҳри Азови вилояти Ростов ғолиби озмуни зебоии "Мисс Русия-2019" шуд.

Се миллион рубл ва тоҷ аз тиллои сафед: "Мисс Русия-2019" муайян шуд

Озмун да толори консертии"Барвиха Luxury Village", дар Маскав дирӯз ҷамъбаст шуд.

Ба Алина унвони "Мисс Русия" ва тоҷ, ки аз тиллои сафед омода шуда бо алмос ва лаълу дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст, тақдим каданд. Дар баробари ин ба зеботарин духтари Русия мукофоти пулӣ-3 миллион рубл дода шуд.

Алина 20 сол дошта дар шаҳри Азов ба сар мебарад. Ӯ ба шеърнависию расмкашӣ машғул аст.

Муовини аввали Мисс-Русия Арина Верина аз Екатеринбург шуд.

Дар бахши "Народный выбор" (Интихоби мардум) Елена Пановикова аз шаҳри Тоболск шуд.

Озмуни "Мисс-Русия"  озмуни миллӣ мебошад, ки ҳамасола дар ҳудуди ин кишвар баргузор мешавад. Ин озмун имсол бори 24-ум баргузор мешавад.