Анҷоми қуръакашӣ барои Ҷоми футзали Осиё - 2019

Тими миллии футзалбозони Тоҷикистон тобистони соли равон ба шаҳри Табрези Эрон мераванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқаи Ҷоми футзали Осиё-2019 баргузор шуд.

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

Дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то синни 20 иштирок мекунанд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар бо Ҷопон ва Ветнам шомили гурӯҳи “С” шуд.

Ба гузориши ТоҷикТА,  дувумин мусобиқаи Ҷоми футзали Осиё дар миёни ҷавонони то синни 20 рӯзҳои 14-23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Табрези Ирон баргузор мешавад.