Рейди занони сатрпӯш дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб

Дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсусе хона ба хона гашта, бо сокинон сӯҳбат гузарониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон аз рейди занони "ба либосҳои бегона" тақлидкунанда, яъне сатрпӯш дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи ин амалиёти Раёсати кумитаи кор бо занони шаҳр, бо 48 зан сӯҳбатҳо доир карда шуд.

Дастурамали либоси занон таҳия шуд: тавсия алайҳи сатр, топик, нимдоман, деколте ва калӯш

Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хона ба хона гашта, оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии бегонапарастӣ миёни занону духтарон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирии гаравиши занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сӯҳатҳо анҷом медиҳанд.

"Аз тарафи намояндагони раёсат ва гурӯҳҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои Борбад, Сино ва кӯчаҳои Ҳамадонӣ, И. Сомонии шаҳр дар 250 хона бо 1250 оила вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида шуданд, ки аз ин оилаҳо 180 нафар дар муҳоҷират мебошанд", - афзудааст манбаъ.

Пештар дар бораи баргузории чунин сӯҳбатҳо дар дигар ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон хабар дода шуд.

Мубориза бо ҳиҷоб дар Хуҷанд: таъсиси коргурӯҳ барои бардоштани сатр

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон овозаҳоеро, ки гӯё қарор аст ҳиҷобпӯшонро ҷарима банданд, дурӯғ хонд.

ВУД ҶТ таъкид кард, ки кормандони милиса касеро барои пӯшидани либоси ғайри миллӣ, аз ҷумла ҳиҷобу сатру пӯшоки "ношоист" ҷарима нахоҳанд кард.

"Барои пӯшидани чунин пӯшок ҳеч муҷозоте муқаррар нашудааст. Дар ҳоли ҳозир суҳбатҳои тавзеҳӣ баргузор мешаванд. Ҳукумат танҳо ба бонувон ёдоварӣ мекунад, ки ҳиҷобу сатру сарбанд пӯшоки бегона ҳастанд", - изҳор доштанд намояндагони вазорат.