Ноутбук, принтер ва компютер: кумаки техникии САҲА ба КҲФ

Ин техника дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ бо САҲА дар самти пешгирӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳо таҳвил ёфт.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Рӯзи 12 апрел, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, маросими таҳвили техника аз ҷумла компутеру ноутбукҳо, проекторҳо, принтерҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ барои Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ баргузор шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки ин техника дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ бо САҲА дар самти пешгирӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳо таҳвил ёфтааст.

Қатар ба КҲФ Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоту омузиши мутахассисон кумак хоҳад кард

Ба гузориши ин ниҳод, дар маросими таҳвили техника, раиси КҲФ Рустам Назарзода ва сарвари Департаменти  иқтисод ва ҳифзи муҳити атрофи барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе, ҷаноби Филиппо  Кривелларо ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суханронии худ ба Дафтари намояндагии САҲА барои техника изҳори ташаккур намуд ва зикр кард, ки он бешак ба наҷоти ҳаёти одамони зиёд мусоидат хоҳад кард ва заҳмати кормандони идораи наҷотро дар омӯзиши аҳолӣ ба амалкарди дуруст ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода сабуктар хоҳад кард. 

"Техникаи расида ин танҳо воситаи техникии зарурӣ нест, ин қабл аз ҳар чизи дигар дастгириву пуштибонӣ барои беҳбуди кор дар самти расонидани кумак ба аҳолии зарардида мебошад”,- афзуд вай.

Филиппо  Кривелла гуфтааст, ки САҲА дар оянда низ ҳамкориҳои наздик бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ идома медиҳад.