Душанбе 12 апр-Sputnik. Даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ то рафт куҳна мешавад, гуфт Владимир Путин зимни дидор бо кормандони Ассосиатсияи истеҳсолотӣ ва илмии "Энергомаш".
"Даъват оҳиста-оҳиста куҳна мешавад. Вале барои ин сармоягузорӣ ва вақт зарур аст",-менависад аз қавли Путин, РИА Новости.
Ба гуфти президент дар баробари техникаи замонавӣ ва вазифаҳои душворе, ки дар пеши сарбозони қувваҳои мусаллаҳ гузошта мешавад, ниёз ба қувваҳои мусаллаҳи касбӣ бештар мешавад.
Хизмат-роҳи наҷот аз дузах: ҳушдори Шӯрои уламо ба хидматгурезҳо ва волидонашон
Ба ин нигоҳ накарда, баъзе кишварҳо аз гузаштан ба қувваҳои мусаллаҳи касбӣ даст мекашанд, чун вазифаҳои қувваҳои мусаллаҳашон оддӣ боқӣ мемонанд.
"Чунин тамоюл мавҷуд аст ва мо дар ин роҳ ҳаракат хоҳем кард",-гуфт Путин.
Маъракаи даъвати наваскарон дар ВМКБ ба анҷом расид
Ҳамчунин ҳангоми ҷавоб додан ба саволи ҳозирин дар бораи ба таъхир гузоштани хизмати сарбозони соҳаи кайҳон, Путин гуфт, ки дар Вазорати дифоъ саффҳои вижаи таълимӣ ҳаст, ки онҳо метавонанд дар он ҷо бе аз даст додани тахассус хизмат кунанд.