Генерали тоҷик кофтукови "киҳо"-ро бо котиби Интерпол баррасӣ кард?

Генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор бо котиби Генералии “Интерпол” Юрген Шток масъалаи кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Тоҷикистон айбдор гардидаанд, баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Дар шаҳри Лиони Фаронса ҳамоиши навбатии сарони Бюрои Марказии Миллии Интерпол, бо ширкати 315 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 150 давлат баргузор гардид.

Дар ин бора равобити умумии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ мудири Бюрои Марказии Миллии Интерполи ВКД, генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм муаррифӣ кардааст.
Дар маросими ифтитоҳ, президенти Интерпол Ким Чон Ян қайд кардаст, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамояд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд.

Ҷазои лейтенант Аҳёев ва “афсари Интерпол” барои "ҳалл"-и корҳои ғайриқонунию мушкил

Ким Чон Ян нақши ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо дигар сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони сектори хусусӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти конференсия як қатор масъалаҳое, ки ба муосиркунонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади вокуниши самаранок ба таҳдиду хатарҳои ҷинояткории байналмилалӣ дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия вохӯрии директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм бо Котиби Генералии “Интерпол” Юрген Шток доир гардида, масъалаҳои кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Тоҷикистон айбдор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд",-омадааст дар хабарнома.

Генерали тоҷик кофтукови "киҳо"-ро бо котиби Интерпол баррасӣ кард?

Манбаъ афзуда, ки дар робита ба ин оид ба густариш додани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ як қатор таклифҳои судманд пешниҳод гардидааст.