Омодагӣ ба мулоқоти президентҳо: дар Пекин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони СҲШ баргузор шуд

Дар ин нишаст, масъалаи омодагии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои СҲШ, матраҳ шудааст
Sputnik

Душанбе 12 апр-Sputnik. Рӯзҳои 9-12 апрели соли 2019 дар шаҳри Пекин ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати  Тоҷикистонро дар кори ҷаласа сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода роҳбарӣ намуд.

"Ҷонибҳо масъалаи вобаста ба омодагии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлаҳои аъзои СҲШ баррасӣ кардаанд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дигар масоили рӯзномаи ҷаласаи созмон низ дар ин нишаст матраҳ шудааст.

Коршинос Тарасов: кишварҳои узви СҲШ метавонанд Ҳидустону Покистонро ором кунанд

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли равон тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов намояндаи Узбакистон ба вазифаи дабири кулли созмони мазкур таъйин гардид.