Ягона кони ангишт дар ВМКБ фаъол мегардад

Бино бар иттилои коршиносон, кон бештар аз 70 миллион тонна захира дорад. Аз сабаби дар доманакӯҳ ҷойгир шудани кон истихроҷ дар он танҳо дар мавсими гармо ба роҳ монда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Равноб - ягона кони ангишт дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нав фаъол мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вилоят.

Гуфта мешавад, кон наздики 70 миллион тонна захира дорад ва дар ҳолати истихроҷи бонизом метавонад талаботи сокинони вилоятро ба ангиш қонеъ кунад.

Пештар набудани техника сабаби иҷро нашудани нақшаи истихроҷ дар кон шуда будааст, аммо феълан ба Равноб 6 техника дастрас гардидааст.

"Бо сар шудани борону барф роҳ сӯи кон то моҳҳои май-июн баста аст. Аз ҳамин сабаб фаъолияти кон мавсимӣ аст", - афзудааст манбаъ.

Рустам Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг 30 тонна ангишт фиристод

Дар ду моҳи аввали сол дар Тоҷикистон 190 ҳазор тонна ангишт тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 63 ҳазор тонна афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи вазорати саноеъи Тоҷикистон, дар як шаборӯз дар кишвар 4-5 ҳазор тонна ангишт тавлид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки порсол тавлиди ангишт дар кишвар беш аз 1,9 миллион тонна шуда буд.

Бар асоси додаҳои манбаъ, 12 ширкат дар ҶТ ангишт тавлид мекунанд. Беш аз 200 ширкати кишвар ангиштро ҳамчун маводди сӯхт мавриди корбурд қарор додаанд.