Эстония ба як зодаи Тоҷикистон шаҳрвандӣ медиҳад

Аммо марди тоҷик барои гирифтани шаҳрвандии Эстония бояд аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашад. Дар Эстония душаҳрвандӣ иҷоза нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳукумати Эстония қарори вижаеро дар бораи додани шаҳрвандии кишвар ба як зодаи Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст.

Ба ба иттилои ҳукумати ин кишвар, марди тоҷик барои ин бояд аз шаҳрвандие, ки феълан дорад, даст кашад. Эстония ба душаҳрвандӣ иҷозат намедиҳад.

"Ман рус ҳастам!": Наталия Орейро аз Путин шаҳрвандӣ хост

Эстония ба ғайр аззодаи  Тоҷикистон ба 57 шаҳрванди хориҷӣ - Русия, Нигерия ва Гурҷистон шаҳрвандӣ медодааст.

Ҷумҳурии Эстония соли 1991 истиқлолият ба даст овардааст. Танҳо нафароне шаҳрванди кишвар гардиданд, ки волидонашон то соли 1940 дар ҳудуди кишвар истиқомат мекарданд. Дигарон тариқи раванди ҳуқуқие бо хоҳиши худ шаҳрванди кишвар мешаванд.

Раванди додани шаҳрвандиро қонунгузории Эстония ба тартиб медарорад.

Барои ин бояд забони давлатии ҷумҳуриро донист.