ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Давлати Қатар бо раиси Маҷлиси шӯрои ин кишвар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар ва ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро баррасӣ карданд.
Дар оғози мулоқот мусоҳибон аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки тамосҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд фароҳам овардаанд.
Инчунин тарафҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар баррасӣ гардид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар мулоқот роҳбарони парлумонҳои ҳарду кишвар фаъолияти самараноки гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро хамчун абзори тақвияти беш аз пеши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки роҳбарони Парлумони ду кишвар ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкории байнипарлумонӣ дар таҳкими муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, инчунин ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар табодули афкор намуда, ба роҳ мондани хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро муҳим арзёбӣ карданд.
Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд, зимни мулоқот таъкид намудааст, ки иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубе барои ҳамкории минбаъдаи ду кишвар мебошад.