Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд

Сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара зимни дидор бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бораи мушкилиҳои мавҷуда суҳбати ошкоро карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва қабули шаҳрвандон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор низ иштирок намуданд.

Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

Зимни мулоқот шаҳрвандон сокинони ҷамоат ба Раиси вилоят доир ба мушкилиҳои мавҷудаи хеш муроҷиат карданд.

“Аз ҷумла, Абдураҳмон Авезов, Ҳамдам Ваҳҳобов, Абдурақиб Раҳмонов, Раҳнамо Умедова ва дигарон бо арзу дархости худ, асосан роҷеъ ба масоили мумфарш намудани роҳ, таъминоти оби полезӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ ва варзишгоҳ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода масъалаҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандонро саривақтӣ арзёбӣ намуда, масъулинро вазифадор намуд, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти Суғд ёдрас шудааст, ки Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ яке аз ҷамоатҳои калонтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дорои 42 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 28 маҳалла, 10 муассисаи тиббӣ, ду варзишгоҳ ва ду хонаи фарҳанг амал менамоянд.

Қарор аст, ба  истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар қаламрави вилоят беш аз 6500 иншоот бунёд ва ба истифода дода шавад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 2200 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.