Мақомоти шаҳри Душанбе: ҳаракати тролейбуси №12 муваққатан қатъ карда мешавад

Мақомоти шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки ба сабаби корҳои таъмирию навсозӣ ҳаракати тролейбусҳои №12 муваққатан қатъ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik.  Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро огоҳ кардааст, ки аз 10 апрели соли равон ҳаракати тролейбусҳо дар хатсайри рақами №12 муваққатан қатъ карда мешавад.

Боз дар ду хатсайри автобуси пойтахт пардохти роҳкиро ғайринақдӣ мешавад

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад. 

“Сабаби муваққатан қатъ гардидани ҳаракати тролейбусҳоро дар ин хатсайр, ин корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе мебошад”, - қайд намудааст дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш намудааст, ки муваққатан ба ҷои  троллейбусҳо дар хатсайри №12   аз  хизматрасонии  автобусҳо бо рақами хатсайри №12  истифода намоянд.