Идомаи тағйирот: таъини сармуҳандиси нав дар “Роғун” ва эълони сабаби барканориҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шафизода Ҷамшед Додархоҷаро муовини якуми директор – сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” таъин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Солӣ Рустам, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ҳамзамон сафир дар Гурҷистон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафир дар Эрон то розигӣ барои ноиби нави Рустами Эмомалӣ

Дар фармонҳои раисиҷумҳур ва қарорҳои Ҳукумат сабаби барканориҳои охир гузаштан ба кори дигар зикр шудааст.

Аз ҷумла бо қарорҳои Ҳукумат бо сабаби гузаштан ба кори дигар Бахтиёр Маҳмудзода аз вазифаи муовини раиси “Амонатбонк”, Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод аз вазифаи сафир дар Малайзия ва  Бақозода Сайрам Абдусаттор аз вазифаи муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод карда шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид. Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафир дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод гардида, мақоми муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Қодирӣ Ардашер ба ҷои Музаффар Муҳаммадӣ ба вазифаи сафири  Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Раисиҷумҳур сармуҳандис дар “Роғун”-ро аз вазифа озод кард

Бо қарорҳои Ҳукумат, Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси бонки давлатии  “Амонатбонк”, Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумат, Бобозода Ҳокимшоҳ – директори Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Далели барканории Усмониён Фирдавс Абдулҳай аз мақоми мудири муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон барои аз мақоми муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод кардани Умед Гуреззода ва таъинаш ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе розигӣ додааст.