Мақомоти Суғд Ситоди вилоятии “Тобистон-2019” таъсис дод

Ҳукумати вилояти Суғд дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон ситоди вилоятии “Тобистон-2019” таъсис дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ, ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон  бо қарори Раиси вилояти Суғд Ситоди вилоятии “Тобистон-2019” таъсис дода шуд.

Ҳама ба пахтачинӣ: дар вилояти Суғд барои ғуну чини пахта ситод ташкил шуд

Манбаъ қайд намудааст, ки ба ҳайати Ситоди вилоятии “Тобистон-2019” шахсони масъул аз ҳисоби муовини Раиси вилоят, мудирони бахшу шуъбаҳо ва раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шомил мебошанд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тибқи қарори Раиси вилоят “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки то 20 майи соли равон таъмиру сохтмон, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркуниро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонида шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамзамон вазифадор шуданд, истироҳатгоҳҳоро бо мутахассисон таъмин намуда, ба кӯдакону ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат роҳхатро пешниҳод карда шавад.