Ба занони узбакистонӣ ҳуқуқи баъди талоқ дар хонаи шавҳар монданро доданд

Узбакистон қонунан ба иқомати собиқ арӯсони хонавода дар манзилҳои хушдоманҳо иҷозат дод. Аммо амалан ин иҷозат то кадом андоза имконпазир аст, вақт нишон медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Узбакистон ба Кодекси манзил тағйироту иловаҳо ворид шуд, ки имкон медиҳад, занон баъди гирифтани талоқ аз шавҳар дар хонаи ӯ бимонанд.

Баъди 5 сол: Боздошти келине, ки бо пули хушдоман ғайб задаст

Тағйиротҳо ба ҳуқуқи истиқомат ва сабтиноми узви хонаводаи соҳибманзил дахл дорад.

Ҳамин тавр, зану шавҳар ва фарзандоне, ки бо соҳибмулк зиндагӣ мекунанд, узви хонавода ҳисоб мешаванд.

Мувофиқи қонуни нав, арӯсон ҳатто баъди талоқ низ ҳуқуқ доранд, ки дар хонаводаи шавҳари собиқашон истиматро идома диҳанд.

Ин аввалин тағйироте нест, ки ба Кодекси манзили Узбакистон ворид мешавад. Пештар дар Тошканд ва вилояти Тошканд сабтиноми доимӣ ва муваққатӣ осон карда шуда буд.

Ҳамчунин арзитши сабти номи хориҷиён арзон гардид.