Медали биринҷии Устопириён дар Анталия Тоҷикистонро дар ҷои 28-ум қарор дод

Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори тоҷик дар Гран Прии Анталия сазовори медали биринҷӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Gran Prix Antalya 2019” рӯзҳои 5-7 апрел баргузор шуд.

Ҷоиза ба беҳтаринҳо: Эмомалӣ Раҳмон аз Фонди захиравӣ қариб 1 миллион ҷудо кард

Ба иттилои манбаъ, Комроншоҳ дар вазни -90 кило дар рӯзи сеюми мусобиқа куштӣ  гирифт. Ӯ дар дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Молдова, Лурио Мокану, дар даври сеюм бар намояндаи Эстония, Клен Кристофер Калҷулайд ғалаба карда, дар даври чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Автандилӣ Тчирикишвилӣ шикаст хӯрд.

Кумити миллии олимпӣ афзуд, Устопириён дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Белорус, Йаҳор Варапайеу ва дар қувваомзмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Исроил Итай Голан дастболо гардида, медали биринҷиро соҳоиб шуд.

Комроншоҳ Устопириён дар Гран Прии Анталия соли 2018 медали тилло ва соли 2017 медали нуқра ба даст оварда буд.

Комроншоҳи Устопириён, дар Бохтар пирӯз шуду соҳиби шоҳҷоиза, мошини нав шуд

Чор варзишгари дигари Тоҷикистон – Хайёмиддин Ҷабборов, Ёқубҷон Боқиев (-66кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) дар даврҳои аввал аз рақибонашон мағлуб гардиданд.

Дар маҷмуъ дар мусобиқа 479 варзишгар, аз ҷумла 291 мард ва 188 зан аз 75 давлати дунё ширкат карда, дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ дар зинаи 28-ум ҷой гирифт.  Гурҷистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввал, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро ишғол карданд.