Паҳлавонони нави тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муайян шуданд

Дар мусобиқаи куштии тарзи озод паҳлавонон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва манотиқи Рашт иштирок намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik.  Дар Душанбе миёни паҳлавонони кишвар чемпионат оид ба куштии тарзи озод баргузор гардид.

Тоҷикистониён тариқи ин мусобиқа қаҳрамонони нави ин навъи  варзишро шинохтанд. Ҳамчунин тариқи ин мусобиқа номзадҳо барои ҳайати интихобии Тоҷикистон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ интихоб шуданд.

Дар мусобиқаи куштии тарзи озод тимҳо аз Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт иштирок намуданд.

Макони баргузории қаҳрамонии ҷаҳон – 2019 оид ба куштӣ эълон шуд

Чихеле, ки мураббии калони мунтахаботи Тоҷикистон, Абдурозиқ Олимов мегӯяд, варзишкорон дар даҳ вазн рақобат намуданд. Танҳо дар як вазн намояндагони Душанбе натавонистанд ғолиб шавад, дар ҳамаи дигар вазнҳо сокинони пойтахт ғолиби мусобиқа шуданд.

Ғолибони ин мусобиқа дар вазнҳои 57 кг  Воҳидов Ҳикматулло (Душанбе), 65 кг Файзиев Абдулқосим (Душанбе), 70 кг Абдулҳаев Сорбон (Душанбе), 74 кг - Шарипов Ғулом (Душанбе), 79 кг Ҳалимзода Салим (Душанбе),86 кг Қодиров Баҳодур, 92 кг Одилов Фаридун (Соғд), 97 кг Искандар Рустам (Душанбе), 125 кг Анақулов Фрҳод Салим (Душанбе) муайян шуданд.

Мусобиқа миёни паҳлавонон миёни гуштии рими низ дар даҳ вазн муайян карда шуд.

Ҷойҳои аввалро паҳлавонон дар вазнҳои 55 кг - Нағзибеков Бахтиёр, Салим (Душанбе), 60 кг - Шарипов Давлаталӣ Салим (Душанбе), 63 кг - Асроров Давлат (Суғд), 67 кг - Аҳмедов Мубин Салим (Душанбе), 72 кг - Аюбов Ҷассур Салим (Душанбе), 77 кг - Уроқов Муслиҳиддин Салим (Душанбе), 82 кг - Исмоилов Маҳмад Салим (Душанбе), 87 кг - Охонов Тоҳир  Салим (Душанбе), 97 кг - Ҳомидов Азим (Суғд), 130 кг - Ваҳобов Азмиддин Салим (Душанбе).
Акнун паҳлавонон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ таёри мебинанд. Ин варзишкорон ҳуқуқи дар чемпионати Осиё, ки дар Чин баргузор мегардад, рақобат карданро пайдо намуданд.