Пас аз санҷиш: беш аз 130 масъули Хадамоти гумрук сабукдӯш шуданд

Беш аз 130 масъули Хадамоти гумруки яке аз ноҳияҳои Тошканд аз кор ронда шуданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Аз Хадамоти гумруки ноҳияи Шайхантахур беш аз 130 корманд сабукдӯш карда шуд. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба хабаргузории Kun.uz хабар медиҳад.

Ин масъулин пас аз санҷиши вижае аз ҷониби комиссияи махсус аз вазифа сабукдӯш шуданд.

Тағйироти кадрӣ: дар Узбакистон ҳокимони нав таъйин шуданд

Пештар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои ба буыаи давлат ворид нашудани андоз аз фаъолияти раҳбарони ҳафт мақомот, интиқод кард.

Дар ин росто, дар Хадамоти гумрук ҷаласаи фаврӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Хадамот аз фаъолияти кормандони ин мақомот шикоят карда, масъалаи тағйироти кадриро баррасӣ карданд. 

Раисҷумҳур фармондеҳи нави ҳавзаи ҳарбиро таъйин кард

Дар баробари ин хадамоти матбуотии Хадамоти гумруки Узбакистон ба шаҳрвандон мроҷиат карда, ки дар бораи ҳолатҳои порагирӣ ба мақомот хабар диҳанд.

Таъиноти кадрӣ: Раҳмон судяҳоро аз Бадахшону Хатлон то Душанбе ҷо ба ҷо кард

Пештар хабар дода шуд, пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Бухоро, се ҳоким сабукдӯш шуданд.