Натиҷаҳои нишасти вазирон: Сироҷиддин Муҳриддин аз чӣ гуфт?

Дар натиҷаи кори ҷаласа якчанд қарорҳо, аз ҷумла роҷеъ ба лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба муносибати 80 солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 5 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Лавров ва Муҳриддин “Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019”-ро ба имзо расониданд

Бино бар иттилои ВУХ Тоҷикистон, зимни ҷаласа С. Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ изҳор дошта, зарурати муттаҳидсозии саъю талошҳоро дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин, роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳод дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дар натиҷаи кори ҷаласа якчанд қарорҳо, аз ҷумла роҷеъ ба лоиҳаи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба муносибати 80 солагии оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон, Даъвати вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи зарурати ҳифз ва нигоҳубини муносиб аз оромгоҳҳои низомӣ ва ёдгориҳои низомии ветеранҳои ҷанги ватании солҳои 1941-1945 ва лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи таҳқиқоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ, қабул карда шуд.