Чаҳор Порошенко ва як Владимир Зеленский дар Қирғизистон ба сар мебаранд

Даври аввали интихоботи президентӣ дар Украина 31 март баргузор шуда, мувофиқи натиҷаҳо, Владимир Зеленский пешсаф аст. Даври дувуми интихобот 21 апрел баргузор мешавад, ки дар он Зеленский ва раисҷумҳури феълии Украина, Порошенко рақобат мекунанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Дар  Қирғизистон як одам бо ному насаби Владимир Зеленский ба сар мебарад. Хабангиори Sputnik Қирғизистон рӯйхати раъйдиҳандагони интихоботи президентии Украина дар Қирғизистонро омӯхта як Зеленский ва чаҳор Порошенко ёфтааст.

Чуноне маълум шуд, дар Қирғизистон 26 нафар бо номи насаби Зеленский, ки номи якеаш Владимир аст, зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр насаби Владимир бо Зеленский як аст, вале номи падарашон дигар мебошад.

Пешсафии Зеленский дар интихоботи президентии Украина

Илова бар ин дар Қирғизистон чаҳор кас бо насаби Порошенко ба сар мебарад. Вале ягон нафари онҳо Петр нест. Ёдоварӣ мекунем, ки Петр Порошенко президенти феълии Украина мебошад.

Давраи аввали интихобот дар Украина 31 март баргузор шуда, мувофиқи натиҷаҳои комиссияи марказӣ Зеленский пешсаф аст. Давраи дувуми интихобот 21 апрел баргузор мешавад, ки дар он Зеленский ва раисҷумҳури феълии Украина Порошенко иштирок мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки президенти Украина Петр Порошенко ва номзад ба ин симмат Владимир Зеленский барои ташхиси алкул ва нашъа дар Киев хун супориданд.