ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани 20-сола хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 31-солаи сокини деҳаи Зархези ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 3-юми апрели соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили бинои НФС ҶДММ “Баҳороил”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Балх 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-9”-ро дуздида ғайб задаанд.
Манбаъ арзиши телефонро 5000-сомонӣ арзёбӣ кардааст.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир шуд",-омадааст дар хабарнома.
Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон
Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.