Ҳар муҳоҷири чорум қонуншиканӣ мекунад: Шӯрои амнияти Русия

Дар авоили соли ҷорӣ 2,4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ қонуни Русияро нақз кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ҳар муҳоҷири чорум дар ҳудуди Русия қавонини муҳоҷират ё дигар намуди қонунро нақз мекунад. Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Александр Гребенкин гуфт.

"2,4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дар авоили соли ҷорӣ қавонони муҳоҷиратро нақз кардаанд-яъне ҳар муҳоҷири чаҳорум, ки дар ҳудуди Русия қарор дорад",-гуфт Гребенкин дар мусоҳиба бо "Российская газета".

Коршинос: барои Тоҷикистон идораи селаи муҳоҷират машкил аст

Ба гуфти ӯ яке аз вазифаҳои аслии мақомоти қудратӣ андешидани чораҳои иловагӣ барои кам кардани шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҳудуди кишвар мебошад.

"Хатарнокии ин падида на танҳо дар хоҳиши қонунӣ накардани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шаҳрвнадони хориҷӣ аст, балки луқмаи корофаринони беадолат ва гурӯҳҳои ҷиноӣ шудани ҳамин гурӯҳи муҳоҷирон мебошад"-илова кард Гребенкин.

Ба қавли оқои Александр дар ин росто муҳоҷирон ба фасодкориҳо роҳ меёбанду сафи корҳои ҷиноиро пур мекунанд.

"Яке аз мушкилии мубрам мубориза бар зидди фасод мебошад. Хабарҳои бардавоми расонаҳо, баррасӣ дар чорабиниҳои интернетӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳукуматӣ аз фасодзадагӣ дар соҳаи муҳоҷират дарак медиҳад",-қайд кард Гребенкин.