Гурбаҳо дӯстони воқеъии одамон-маҳз кӯдаконанд!
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна гурба ашкҳои духтараки гирёнро пок мекунад.
Духтаракро чизе ё касе хафа кардааст ва ӯ дар ҷои хобаш качпаҳлу зада гиря мекунад. Ва дӯсти мӯинаш дар ҳамин лаҳза ба доди ӯ меасад.
Гурба бо дасташ рӯи духтарчаро ба сӯи худ гардонида ашкҳояшро пок мекунад.
Бо чунин дӯсти ҷонӣ ҳамаи мушкилӣ ба осонӣ паси сар мешавад.
Корбарони интернетро ин навор ба ваҷд овард.