Духтари раисҷумҳур-Шаҳноза маркази кӯдакон ифтитоҳ кард

Духтари хурдии президенти Узбакистон, Шаҳноза Мирзиёева дар маросими кушодашавии маркази кӯдакон ширкат кардааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дирӯз дар Нуқус маросими ифтитоҳи аввалин маркази таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони нотавон, ба баҳрабардорӣ расид. Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад. 

Дар маросими кушодашавии ин марказ духтари хурдии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев-Шаҳноза Мирзиёева, ки муаллифи тарҳи ин марказ мебошад, ширкат кардааст.

Духтари раисҷумҳур-Шаҳноза маркази кӯдакон ифтитоҳ кард

Ин марказ махсус барои кӯдакони нотавон сохта шуда, панҷ рӯз дар як ҳафта фаъолият мекунад. Дар нимаи аввали рӯз кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта мешаванду дар нимаи дуюми рӯз бо пизишкон онҳоро табобат мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки ин марказ бо таҷҳизоти лозимаи замонавӣ, ки аз кишварҳои хориҷ ворид шудаанд, муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамчунин дар баробари духтари раисҷумҳур, дар маросими ифтитоҳи марказ, раҳбари Вазорати таҳсилоти томактабӣ, Агрипин Шин, мушовири президент Абдуҷаббор Абдувоҳидов, раиси Кумитаи занон Танзила Норбоева, раиси Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Мусо Эрниёзов, муовини вазири тандурустӣ Элмир Баситхонов ширкат кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки духтари президенти Узбакистон Шаҳноза Мирзиёева муовини мудири Идораи таҳсилоти томактабӣ мебошад.

Духтари раисҷумҳур-Шаҳноза маркази кӯдакон ифтитоҳ кард