Дар Хуҷанд ҳувияти зани дар садама ҳалокшударо муайян мекунанд

Дар натиҷаи садамаи маргбор дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров як зани тақрибан 20-25-сола ҳалок шудааст. Мақомот шахсияти ӯро муайян мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Мақомот дар Хуҷанд ҳувияти як зани тақрибан 20-25-соларо, ки дар пайи садама ба ҳалокат расидааст, муайян мекунанд.

Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса 3 парел, тақрибан соатҳои 04:30 дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров, дар рӯ ба рӯи Аквапарк рух додааст.

ВУД Тоҷикистон: садамаи маргбор дар шаҳри Ваҳдат

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ҷумъабоев Тоҳирҷон Мақсудович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Б.Ғафуров”, дар рӯ ба рӯи ҳавзи обӣ (Аквапарк) аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, зани тахминан 20-25-соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Барои муайян кардани шахсияти зани ҳалокгардида чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.