Вакилони қирғиз талаб доранд, ки ба сокинони дар таниши марзӣ маҷрӯҳшуда, медал диҳанд

Вакили қирғиз Каромат Орозова пешниҳод кард ки ба минтақаи Оқсой статуси стратегӣ ва ба сокиноне, ки дар таниши марзӣ бо тоҷикон маҷрӯҳ шудаанд, медал дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар парлумони Қирғизистон баҳси ҷанҷоли марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад.

Чунончӣ, як вакили қирғиз Каромат Орозова пешниҳод кардааст, ки ба минтақаи Оқсой статуси стратегӣ дода шавад.

"Бояд ба минтақаи Оқсой статуси стратегӣ дода шавад, то ҳодисаи рухдода дарс шавад. Вақте мо ба минтақа рафтем, мардум пеш аз ҳама сулҳ ва суботро талаб карданд. Мардум онҷо доим дар ҳолати стресс зиндагӣ мекунанд. Бояд фаврӣ мушкилиро ҳал кард", - мегӯяд Орозова.

Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ба чанд сокине, ки дар ҷанҷоли марзӣ бо Тоҷикистон маҷрӯҳ шудаанд, медал дода шавад.

"Аз ҳама ҳузнангезаш дар он аст, ки дар ин ҳодиса 3 сокин маҷрӯҳ шуданд. Ман хоҳиш мекунам, то ба шаҳрвандони  мо, ки бидуни силоҳ марзро ҳифз карданд, давлат пул ва медал диҳад", - афзудааст вай.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.