ВУД: аз дуздии бузу гусфанд то  телефону пулу хӯрокворӣ дар Тоҷикистон

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як қатор ҳолатҳои дуздиро дар минтақаҳои гуногуни киҳшвар ошкор намуда, шахсияти гумонбаронро муайян ва дастгир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилаи кишвар як қатор ҳолатҳои дуздӣ дар ҳудуди кишвар ошкор шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-юми марти соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи зимистона, воқеъ аз ҳудуди деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ 5-сар чорвои майдаи шохдор, ки арзиши умумиашон 4300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 68 ва 35-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздӣ дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен аризаи зани 57-солаи сокини шаҳраки Навкати ноҳияи мазкур дар он хусус ворид гардидааст, ки рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 09:30 дақиқа, шахсони номаълум бо роҳӣ пинҳонӣ аз мағозаи шахсиаш, воқеъ дар бозори шаҳраки Навкат 1-адад сумкаи занона, ки дар дохилаш 3000-сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Се сокини шаҳри Ҳисор бо ҷурми дуздӣ дастгир шудаанд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ашт аризаи марди 30-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи мазкур, соҳибкори инфиродӣ, ворид гардидааст, ки санаи 17-уми марти соли равон, тахминан соати 05:00, шахсони номаълум бо роҳӣ пинҳонӣ аз мағозааш, воқеъ дар шаҳраки Шайдон 1-адад яхдони тамғаи “Саратов”, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини деҳаи Шахакро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Ба хонаи мард даромаду ғорат кард: ВУД аз боздошти зане ба иттиҳоми дуздӣ хабар дод

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 30-юми марти соли 2019, тахминан соати 04:35-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт даромада, аз он ҷо маводҳои хӯрокворӣ ва порфюмерӣ, ҷамъ ба маблағи 2 ҳазору 711-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ, ки пеш бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Боздошти 4 зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини кӯчаи Туғрали пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми марти соли 2019, тахминан соати 04:35-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ, бо тариқи шикастани дари даромадгоҳи фурӯши нуқтаи тезтаёр, воқеъ дар кӯчаи Борбад шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилӣ, лавозимоти рӯзгор ва хӯроквориро, ки маблағи умумиашон 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи дар боло номбаргардидаи сокини кӯчаи Фирдавсӣ, ки пеш бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.