ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вакили дифои Гулнора Каримова, ҳуқуқшинос Грегуар Манжа дар Твиттер акси зиндонеро мунташир кардааст, ки дар он духтари аввалин президенти Узбакистон Гулнора Каримова нигоҳ дошта мешавад.
"Ҳоло дар зиндони занонаи рақами 21 Зангиата қарор дорам. Кӯшиш дорам, ки барои мулоқот бо Гулнора иҷозат бигирам", - навиштааст вай.
Рӯзи дигар ҳуқуқшинос дар саҳифааш аз зиндони мазкур акс гузоштааст.
"Ин рӯзи дувуми ман дар зиндони Зангиота аст", - меафзояд вай.
Ёдрас мешавем, бештари далелҳо дар бораи парвандаи Гулнора то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аммо чанде пеш дар бораи аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол ёфтани духтари президент хабар дода шуд.
5 март духтари Каримова Имон хабар дод, ки модарашро кормандони додситонӣ аз манзилашон дуздиданд. Гулнора дар он манзил, аз охирҳои моҳи июни соли 2018 пас аз шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданаш, ба сар мебурдааст.
"Бо далели вайрон кардани тартибот ва шартҳои адои ҷазо Додгоҳи ноҳияи Яшнободи Тошканд 5 марти соли 2019 қарор кард, ки Каримова мӯҳлати боқимондаи ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад", - гуфта намояндаи Додситонии кулли Узбакистон ҳангоми шарҳи қазия.
Соли 2017 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум гардид, аммо дертар ҷазоро бо ҳабси хонагӣ ба мӯҳлати 5 сол иваз карданд.
Каримова бояд дар ин муддат манзилро тарк намекард, аз интернет истифода намебурд ва зарари расонидаашро ҷуброн мекард.
Ба иттилои додситонӣ, духтари президент ин талаботҳоро риоя накардааст.