ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Иҷоза дода шавад, ки мардон пас аз ҷудошавӣ насабашонро аз занҳои пешинашон боз гиранд-бо чунин пешниҳод вакили вилояти Ленинград Владимир Петров ба вазири адлияи Русия Александр Коновалов муроҷиат кард. Дар ин бора News.ru менависад.
Даъвати СММ аз ҶТ: издивоҷи мардони хориҷиро бо духтарони тоҷик иҷоза диҳед
Ӯ пешниҳод дорад, ки ба Кодекси оилаи Русия тағйирот ворид карда шавад.
Петров гуфт, ки аксари мардон пас аз ҷудошавӣ мехоҳанд насабашонро аз зани пешинашон боз ситонанд, вале наметавонанд ба он дахолат кунанд.
Ба гуфти вакил ба назди ӯ борҳо мардон бо чунин пешниҳод омода буданд. Парлумон ҳам бар ин аст, ки замони ба қонун дар бораи ному насаб ворид кардани тағйирот ҳам расидааст.
Ҷудо шудӣ, хона хар: дар Узбакистон баъди талоқ хона аз они зан мешавад
Вокуниши Вазорати адлия ба ин пешниҳод то ҳанӯз маълум нест, вале корбарони интернет ва фаъолони ҷомеаи Русия ин масъаларо баррасӣ доранд.