Дар Гулистон коргоҳи истеҳсоли арматур ба кор шурӯъ кард

Ширкат бо корбурди фанновариҳои имрӯзи чинӣ арматурҳои навъи 335, 400, 500 ва 600, ки диаметри аз 8 то 32-миллиметрӣ доранд, тавлид мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар шаҳри Гулистони устони Суғди Тоҷикистон ширкати тавлиди “арматур” ба баҳрабардорӣ расид, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Дар Суғд дар соли 2018 аз 603 корхонаи саноатӣ 530 корхона фаъолият дошт

Манбаъ бо истинод ба вазорати саноеъи Тоҷикисто қайд кардааст, ки тавони солонаи ин коргоҳ тавлиди 50 ҳазор тонна арматур мебошад.

Бар асоси додаҳо, ширкат бо корбурди фанновариҳои имрӯзи чинӣ арматурҳои навъи 335, 400, 500 ва 600, ки диаметри аз 8 то 32-миллиметрӣ доранд, тавлид мекунад.

Коргоҳ ҳудуди 30 дарсади маводди хомро аз бозори дохилӣ харид мекунад ва боқӣ бар асоси тавофуқ аз Қазоқистон ворид мешавад. Маводди кимиёӣ, ки барои боло бурдани сатҳи сифати арматур истифода мегардад, аз Чин ворид мешавад.