32 соли зиндони низомаш сахт ба 4 тоҷик дар Русия

Додгоҳ муқарар кардааст, ки Умаралӣ Исмоилови 20-сола бораи фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Пенза се ҳамшаҳри худро ҷалб кардааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Додгоҳи вилоятии Пенза қарори баровардаи додгоҳи ноҳиявиро, ки мувофиқи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир ба муҳлати 8 солӣ равонаи зиндон шудаанд, тасдиқ кард, - иттилоъ додааст додситониии вилоятӣ.

Ба рухсатӣ бо нашъа: ҳукми низомии пойгоҳи 201 барои қочоқи маводи мухаддир ба Русия

Додгоҳ тасдиқ кардааст, ки Умаралӣ Исмоилови 20-сола бо афроди шахсияташон номаълум, ки дар Тоҷикистон қарор доштаанд барои паҳн ва фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Пенза гуфту шунид намуда, се ҳамватани худро: Охунҷон Шомуродови 20-сола, Абубакр Кенҷаев ва Анвар Шомуродови 22-соларо  ба кор ҷалб кардааст.

“Мувофиқи нақша 19 апрели соли 2018 Исмоилов ҳамроҳ бо гуруҳаш аз Волгоград миқдори калони маводи мухаддирро гирифта барои фурӯш ба Пенза равона шудаанд. Ҳамаи аъзоёни ин гуруҳ 21-уми апрели соли 2018 дар шаҳри Пенза дастгир карда шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Додгоҳи ноҳияи Ленини вилояти Пенза ҳарчори онҳоро бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир ба муҳлати 8 солӣ равонаи зиндони низомаш вазнин кард.

“Ҳамаи гунаҳкорон ва ду вакил ҳукми додгоҳи ноҳиявиро ноадолатона хонда ба додгоҳи вилояти шикояти бозбинӣ бурдаанд, аммо додгоҳи вилояти ҳукми додгоҳи ноҳиявиро тасдиқ кардааст”, - гуфтаанд дар додситонии ин минтақа.