ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи якшанбе, 31 март якбора се ҳокими вилояти Бухорои Узбакистон аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.
Дар ин бора ُSputnik Узбакистон бо такя ба хабаргузории Kun.uz хабар медиҳад.
Ҳокими ноҳияи Вабкент Аскар Ҷаводов вазифаашро тарк кард. Ба ҷои ӯ Баҳодур Вафоев, ки муовини ҳокими ноҳияи Пешкун буд ба ин симмат таъин шуд.
Раиси ноҳияи Бухоро Муҳиддин Эҳсонов ба кори дигар гузашт. Ба курсии ӯ Қаҳрамон Дӯстов такя зад.
Ҳокими нави ноҳияи Ромит бошад, Хуршед Тоҳиров, ки пештар ба ҳайси муовини ҳокими ин ноҳия кор мекард, таъин шуд.
Раисҷумҳур фармондеҳи нави ҳавзаи ҳарбиро таъйин кард
Авохири ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро сафар карда бо рушди вилоят ва тарҳҳои нав ошно шуд.