ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.
Рӯзи сеюми сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд: раисиҷумҳур аз чӣ оғоз кард?
Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.
Бо дуои пирон: Раҳмон дар Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшид
Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.