Даргузашти бойтарин зани Русия, саҳмиядори S7, дар суқути ҳавопаймо

Ҳавопаймои хусусии ширкати "Глобус" суқут кард. Дохили он се шаҳрвнади Русия низ буданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар паи суқути ҳавопаймо дар Олмон саҳмиядори ширкати S7 Наталия Филева ва падараш ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости менависад.

Фоҷиа дар замини Гессен дар фурудгоҳи Эгелсбах ба вуқӯъ пайваст. Ҳавопаймо ба замин уфтода оташ гирифт. Дар дохили ҳавопаймо се шаҳрванди Русия ҳам буданд.

 

"Рӯзи 31 март ҳавопаймои Epic-LT ҳангоми фурӯд омадан, суқут кард. Дар паи ин фоҷиа саҳмиядори ширкати S7 Airlines Филева Наталия Валеревна ҳалок шуд", — омадааст дар хабарнома.

Даргузашти "арӯс"-и Ҷеймс Бонд

Қайд мешавад, ки Филева ва падараш барои табобат ба Олмон парвоз мекарданд. Ҳавопаймои суқуткарда ба ширкати ҳавопаймоии "Глобус", ки ба гурӯҳи S7 дохил мешавад, тааллуқ дошт.

Наталия Филева раиси Шӯрои мудирони S7 буд. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Владислав Филев соли 1990 бо харидани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии "Сибир" тиҷорати ҳавоиро оғоз карда буд.

Соли 2001 ширкат ба бозори Маскав ворид шуду "Внуковские авиалини"-ро фурӯ бурд.

Тибқи гузориши нашриёти Forbes соли гузашта, Филева бо 600 миллион доллар дар феҳристи сарватмандтарин занони Русия, чорум шуда буд.