Бо дуои пирон: Раҳмон дар Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшид

Дар идомаи боздиди корӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ "Спитамен-текстайл"-и Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. “Спитамен-текстайл” низ соли 2009 бо ширкати раисҷумҳур ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолияти босамар дорад, менависад хадамоти матбуотии президент.

Ба иттилои ин ниҳод, тибқи дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне қисми бештари пахтаи дар хоҷагиашон истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷ мебароранд.

Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ ба истиқболи раисҷум дасторҳур, хони идонаи наврӯзӣ оростанд.

"Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои саҳроӣ таҳният гуфта, бо дуои неки пирон ба кишти чигит оғоз бахшиданд",-омадааст дар хабарнома.

Рӯзи сеюми сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд: раисиҷумҳур аз чӣ оғоз кард?

Гуфта мешавад, ки хоҷагидорӣ дар ин Ҷамъият асосан ба тухмипарварӣ нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, аз 3 ҳазору 140 гектар замини обии дар ихтиёрдоштаашон ҳар сол бо маслиҳат ва машварати олимон дар майдони бештар аз 2100 гектар чигити тухмӣ кишт мекунанд ва ҳамасола онҳо аз ҳар як гектар аз 25 то 45 сентнер ҳосил ба даст меоранд.

Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” имкон доранд, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд.

Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба асосан ба Туркия фиристода мешавад. Вобаста ба дастурм Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, зеро барои анҷом додани ин амал онҳо ҳамаи шароиту имконоти молию техникӣ ва табииро доранд.

Ин ҷамъият аз ҳисоби даромадҳои худ дар маркази ҷамоат як майдони болопӯшидаи футболи хурд, майдончаи муосири бозии кӯдакон ва чанд иншооти дигари фарҳангию фароғатӣ бунёд кардааст.